"Рӯдхонаҳои заррин"-и Тоҷикистон дар Фаронса
Намоишгоҳи “Тоҷикистон сарзамини рӯдхонаҳои заррин” дар Фаронса 10 январ ба поён расид. Манобеи расмӣ гуфтанд, даҳҳо ҳазор кас ба тамошо рафтанд. Хабарнигори тоҷики муқими Аврупо, Зеварбону Рауфӣ, низ бо дастгоҳи наворбардории худ ба осорхонаи “Гиме” рафт ва ин наворро фиристод.
- Навтаринҳо
- Пешина
Баҳси девор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баҳси девор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст. Идораи марзбонии Тоҷикистон вазъро расман шарҳ надодааст. Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон гуфт, аз корҳои сохтмонӣ дар як минтақаи баҳсӣ дар марз бо Тоҷикистон пешгирӣ кард.
Деҳқоне дар Зафаробод мегӯяд, аз беобӣ азият мекашанд
Деҳқоне дар Зафаробод мегӯяд, аз беобӣ азият мекашанд- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Наворро яке аз корбарон фиристодааст.
Фурӯрезии 100 гектар замин ва 15 хона дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Фурӯрезии 100 гектар замин ва 15 хона дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Лаҳзаи сӯхтор ва таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар Душанбе
Лаҳзаи сӯхтор ва таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар Душанбе- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Алангаи сӯхтор то ҳадде баланд аст, ки дуди онро аз канораҳои пойтахт ба осонӣ дидан мумкин аст. Навор аз як корбари Радиои Озодӣ, ки шоҳиди ҳодиса аст.
Таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе
Таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Алангаи сӯхтор то ҳадде баланд аст, ки дуди онро аз канораҳои пойтахт ба осонӣ дидан мумкин аст. Навор аз як корбари Радиои Озодӣ
Порае аз суҳбати Самариддин Ализода, ки баҳсбарангез шуд
Порае аз суҳбати Самариддин Ализода, ки баҳсбарангез шуд- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистонро, ки суҳбатҳояш ҳангоми муаррифии ваксинаи AstraZeneca дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳбарангез шуд, аз мансаб ронданд.
Порае аз нишасти хабарии муовини вазир, ки баҳс барангехт
Порае аз нишасти хабарии муовини вазир, ки баҳс барангехт- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистонро, ки суҳбатҳояш ҳангоми муаррифии ваксинаи AstraZeneca дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳбарангез шуд, аз мансаб ронданд.
Навори корбарон: Тарма дар ноҳияи Айнӣ
Навори корбарон: Тарма дар ноҳияи Айнӣ- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Шоми 10-уми март бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Корбарон аз ҷойи ҳодиса ин наворро фиристоданд, ки лаҳзаи ҷустуҷӯйи ҷасадҳоро нишон медиҳад.
Дар маҳалли сохтмони "Роғун" чӣ ҳодиса рӯй дод?
Дар маҳалли сохтмони "Роғун" чӣ ҳодиса рӯй дод?- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" кӯҳпорае афтодааст. Як корманди нерӯгоҳ бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро аз кор ҷавоб додаанд ва эҳтимол ин ҳодиса муҳлати сохтмонро барои чанд муддати дигар дароз кунад. Навор аз корбарон
Тахриби беш аз 15 хона дар Ҳуснобод. Навори корбарон
Тахриби беш аз 15 хона дар Ҳуснобод. Навори корбарон- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 21-уми январ чандин хонаи навсохтро дар маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе пурра вайрон кардаанд. Онҳо гуфтанд, сокинон бе иҷоза дар ҷойи шинондани арчаҳо хона сохтанд. Мардум мегӯянд, ки барои бунёди манзил аз мақомот ҳуҷҷат доштанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Сӯхтор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Як хона ба коми оташ рафтааст. ВИДЕО
Шоми 12-уми январ манзили як сокини деҳаи Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтааст. Ин маҳалла дар канори шаҳри Душанбе ва дар рӯ ба рӯи "Деҳқонбозор"-и пойтахт қарор дорад.
Як корбари Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз ҷойи ҳодиса гуфт, "сабаби сар задани сӯхтор бухории барқӣ будааст". То ба ҳол мақомот дар бораи ҳодиса ва иллати сар задани он хабар надодаанд.
Ба мушоҳидаи корбари Радиои Озодӣ, "оташнишонҳо дер расиданд ва пас аз расидан ҳам баъзе аз мошинҳо об надоштанд." Дар гузашта низ баъзе аз сокинон аз таъхир ва беоб будани мошинҳои оташнишонӣ шикоят кардаанд, аммо мақомот ҳамвора чунин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ба амалиёт бо омодагӣ мераванд.
"Бино бар чӯбӣ будани баъзе аз қисматҳои хона оташ зуд паҳн шуд ва хомӯш карданаш душвор шуд. Ин хона пурра сӯхта нобуд шуд ва моликон қариб ҷиҳозеро аз дохил берун кашида натавонистанд", -- гуфт корбари Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд, оташ ба хонаҳои ҳамсоя низ расид ва бо ёрии сокинони маҳалла хомӯш карда шудааст. Сӯхтор тақрибан соати шаши шоми 12-уми январ сар зада, то соати 9-и шаб хомӯш карда шудааст.